Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид
16-17 июни соли 2017 ҷаласаи нуҳуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ дар шаҳри Деҳлии Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид.
Қобили тазаккур аст, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҷониби Ҳиндустонро Муовини Вазири тиҷорат ва саноат, Дабири тиҷорати Вазорати тиҷорат ва саноат – хонума Рита Теотиа роҳбарӣ намуд.
Дар рафти ҷаласа, Тарафҳо дар асоси рӯзномаи ҷаласа масъалаҳоро оид ба вазъи иқтисодӣ байни давлатҳо, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, саноат ва кишоварзӣ, маориф ва илм, нақлиёт ва бонкдорӣ, геологияву тандурустӣ баррасӣ намуданд.
Инчунин дар рафти ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ барои ширкатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ва самтҳои дурнамои равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳиндустонро муаррифӣ карда, иштирокчиёнро барои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои афзалиятноки кишвар даъват намуд.
Ҳамзамон Вазири рушди иқтисод ва савдо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро муаррифӣ намуд, ки ҷониби ҳиндустонӣ аз ҳуҷҷати мазкур хуш истиқболӣ намуданд.
Аз натиҷаи ҷаласаи нуҳми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон Протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд.
Дар қисми дуюми рӯзи 16 июни соли 2017 мулоқоти ҳамраисон дар қолаби як ба як сурат гирифт.
Дар рафти мулоқот ҳамраисон доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон мубодилаи афкор намуданд. Хонума Рита Теотиа бо изҳори қаноатмандӣ қайд намуд, ки хушбахтона Роҳбарони олии ҳар ду кишвар муносибати дӯстона ва бародарона доранд, ки ин як заминаи бузург дар густариш додани муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба шароити мусоид фароҳам меоварад.
Тарафҳо қайд намуданд, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳиндустон имкониятҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ хеле зиёд мебошанд ва дар ин робита омодагии худро ҷиҳати пурра истифодабарии онҳо иброз намуданд.
Ҷонибҳо баргузории бизнес-форумро бо иштироки намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.