Навиди Вазорат



Мулоқои Вазир бо ҳайати Шӯрои директорони БОР

.

19 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни дидор ҷонибҳо масъалаҳои ҳакориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва бахши бонкӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд муваффақиятҳои аз ин бештарро метавон ба даст овард.