Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Канада
17 июли соли 2017 дар ҳошияи сафари худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF), Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири корҳои хориҷии Канада Кристиа Фриланд мулоқот намуд.
Дар рафти суҳбат масоили мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Канада матраҳ гардиданд. Ҷонибҳо ҳамчунин вобаста ба масъалаҳои марбут ба бозори меҳнат, об ва рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ табодули назар намуданд.