Навиди Вазорат



Ифтитофи бахши сатҳи баланди Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF 2017)

.

17 июли соли 2017 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бахши сатҳи баланди (мулоқоти вазирон) Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF-2017) таҳти сарпарастии Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC)баргузор гардид.

Форуми мазкур механизми асосии бисёрҷонибаи низоми СММ ҷиҳати баррасии раванди татбиқи Рӯзнома оид ба рушди устувор барои давраи то соли 2030 (Рӯзномаи 2030) ба ҳисоб меравад.Ҳадаф аз баргузории Форум мусоидат ба табодули таҷрибаи муваффақ дар ноилшавӣ ба рушди устувор мебошад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии мазкур ширкат менамояд.