Навиди Вазорат



Иштироки Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор

.

18 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар ҳошияи иштироки худ дар Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF) дар Бизнес-форуми Ҳадафҳои рушди устувор ширкат намуд.

Чорабинии мазкур намояндагони бизнес ва ҳукуматҳоро дар якҷоягӣ бо роҳбарони сохторҳои СММ, созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати омӯзиши амиқи нақшибизнес дар пешбурд ва татбиқи Рӯзномаи2030 гирди ҳам овард.