Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ оид ба озуқаворӣ, ҷангал ва боғдории Ирландия
18 июли соли 2017 дар Ню-Йорк мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири давлатӣ оид ба озуқаворӣ, ҷангал ва боғдории Ирландия Эндрю Дойл баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Ирландия, аз ҷумла тавсеаи рушди минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.