Навиди Вазорат



Иштирок дар чорабинии махсуси “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ марбут ба об”

.

20 июли соли 2017 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар чорабинии сеюми махсуси СММ оид ба об ва офатҳои табиӣ таҳти унвони “Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ марбут ба об”, ки дар қароргоҳи СММ дар ш. Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронии худ Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар ба афзоиши назарраси офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон таъкид намуда, аз афзоиши таъсири тағйирёбии иқлим ба вазъи экологӣ дар кишвар, аз ҷумла обшавии миқдори зиёди барфу пиряхҳо ёдовар шуд.

Н. Ҳикматуллозода ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028" ба таҳкими иқтидор ва табодули таҷрибаву дониш, баланд бардоштани ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи офатҳои табиӣ вобаста ба об кумак хоҳад кард.