Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Вазорат дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ
1 августи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки зиёда аз 30-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.
Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазир роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2017 маълумоти мухтасар манзур гардид.
Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.
Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла дурнамои рушди иқтисоди кишвар, пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, вазъи феълии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, истеҳсоли семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва нарху навои он дар бозорҳои кишвар, таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ, ташкили корхонаҳои воридотивазкунанда дар ҳудуди МОИ-и ҷумҳурӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.