Навиди Вазорат



Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча

.

Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Дар мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча назари неки ҳарду ҷониб ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории байнидавлатӣ таъкид карда шуд ва рушду тавсеаи робитаҳои байни кишварҳо ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Аз сатҳи муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳарду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид доштанд.

Барои ба сатҳу сифати нав расонидани нишондиҳандаҳои муносибатҳои дуҷониба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории ҷониби Таиланд дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётию транзитии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои муқими кишварҳо ва хатсайри ҳавоии байниҳамдигарӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ карда, тақвияти амалҳои дастҷамъона ва бештару муассири давлатҳои худро ҷиҳати мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбати самимӣ аз Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оваранд. Даъват бо камоли майли ҷониби Таиланд пазируфта шуд.