Мулоқоти Вазир бо Намояндаи доимии БР СММ.
28 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир Неъматулло Хикматуллозода бо ҳайати Намояндагии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози доимии СММ- Намояндаи доимии Барномаи мазкур дар кишвар хонум Пратибҳа Меҳта баргузор гардид.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ, аз ҷумла дар самти мусоидати Барномаи мазкур дар идомаи раванди милликунонии Рӯзномаи 2030, таҳкими иқтидори миллӣ барои мониторинг ва баррасии рафти иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) дар кишвар ва татбиқи тавсияҳои калидии Шарҳи ихтиёрии миллӣ, бо шумули масъалаи омода намудани ҳисоботи нахустини миллӣ оид ба татбиқи ҲРУ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи мухталифи иқтисод баён доштанд.