Мулоқот бо Маҳбуб Аҳмед
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Неъматулло Ҳикматуллозода бо директори иҷроияи алтернативии Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Маҳбуб Аҳмед баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди назар баррасӣ гардид.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Осиёии Рушд омодагии худро баён доштанд.