Ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо
Мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилотҳо, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи соддагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 “Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо” таъсис дода шуд.
Амалӣ намудани муқаррароти Созишномаи мазкур имкон медиҳад, ки дар кишвар ҳангоми амалиётҳои содиротию воридотӣ ва транзити молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин, татбиқи Созишномаи мазкур дар маҷмӯъ ба тезонидани ҷараёни татбиқи низоми иттилоотии “Равзанаи ягона”, огоҳонидани субъектҳои ФИХ, кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ ва татбиқи усули идоракунии таваккал дар сарҳад ҳангоми содироту воридот тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.
23-юми ноябри соли 2017 таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ҷаласаи сеюми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ (аъзои Кумита), ташкилотҳои тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (аъзои Кумита) ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа Ҳисоботи Котиби масъули Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо Қосимов И., дар робита ба корҳои анҷомдодашуда вобаста ба иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳо доир ба таъмини мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муқаррароти Созишнома оид ба содагардонии расмиёти савдо ва ҳисоботи роҳбарони гурӯҳҳои кории техникӣ шунида шуда, масъалаҳои ҷории марбут ба расмиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.