Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазир бо Сафир

.

28 декабри соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов бинобар сабаби ба поён расидани фаъолияташ дар Тоҷикистон сурат гирифт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои мулоқот Н.Ҳикматуллозода ба Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Гасанов барои саҳмгузорӣ дар таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду кишвари дӯст изҳори сипос намуд.