Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар
Бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, инчунин, узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, шоираи шинохтаи тоҷик, Меҳриниссо иштирок намуданд. Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода оғоз намуда, сипас, аз саҳми занон дар рушди иқтисоди кишвар ёдоварӣ карда, онҳоро ба ин санаи фархунда аз номи роҳбарияти Вазорат самимона шодбош гуфтанд.
Сипас, шоираи ширинкаломи тоҷик Меҳриниссо андешаҳои худро дар мавриди мақому манзаллати зан-Модар дар ҷомеа баён намуда, ҳамзамон аз ашъори тозаэҷоди хеш оид ба васфи зан-Модар якчанд шеър қироат кард.
Бонувони Вазоратро ба ин рӯзи муқаддас, ҳамчунин сардори Раёсати кадрҳо ва бахши махсус Зайниддин Муминов, сардори Раёсати корҳо Додарҷон Зоҳиров ва раиси Ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаи вазорат Фарҳод Восидиён табрик намуданд.
Дар интиҳои ҷамъомад ба як зумра бонувони фаъоли Вазорат ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.