Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд
28 марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Иди байналмилалии Наврӯз, расми кушодашавии як қатор иншооти ҷашнӣ ва шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум ба шаҳри бостонии Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сарвари давлатро дар фурудгоҳи шаҳр мардуми меҳнатқарини шаҳри Панҷакент бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд. Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент аз ҷониби ҳунармандону ҷавонон ҷолибу хотирмон доир гардид.