Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
6 апрели соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки дар марҳилаи кунунии рушди иқтисодии кишвар дар назди мо вазифаҳои мураккаб ва ҷиддӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки саъю кӯшиши зиёд ва тахассуси баландро талаб мекунанд, вогузор карда шудаанд.
Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои зертобеъ барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.