Навиди Вазорат



Барқияи тасаллияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа

.

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари суқути  ҳавопаймои низомии нақлиётӣ дар шимоли Алҷазоир, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо, бародари гиромӣ, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Алҷазоир ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон сабри ҷамил хоҳонам».