Навиди Вазорат



Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”

.

Муҳтарам Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид!
Муҳтарам Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо!
Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз ҳамаи шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба диёри бостонии Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

Чорабинии имрӯза ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз — муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ бахшида мешавад.

Итминон дорам, ки ҳамоиши имрӯза барои муҳокимаи ҳамаҷонибаи масоили марбут ба мубориза алайҳи ин вабои аср ва таҳияву татбиқи иқдомоту тавсияҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар ин самт мусоидат хоҳад кард.

Мусаллам аст, ки таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдори кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.

Танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор нафар аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд.

Сию ду фоизи қурбониён ва 53 фоизи маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд.

Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем.

Дар ин раванд, ба андешаи мо, вокуниш ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм ва ифротгароӣ бояд бо нақши калидӣ ва ҳамоҳангсози Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои дахлдори он фарогир ва амиқ гардонида шавад.

Стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористии он, қатъномаҳои Шӯрои Амният ва Маҷмаи Умумӣ бояд асоси муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароиро ташкил намоянд.

Мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки дар ҷаҳон раванди рақобатҳои стратегӣ шиддат гирифта, нишонаҳои дубора доман паҳн кардани “ҷанги сард” возеҳ мушоҳида мешаванд.

Чунин воқеият талошҳои якҷояи ҷомеаи ҷаҳониро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои глобалӣ дучанд коста гардонида, ба усулу асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар иртибот ба ин, таъкид карданиам, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ ва дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо шарики табиии ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Дар шароити мураккабу пуртазоди имрӯза мо бояд ҳамкорӣ кунем, на рақобату бартариҷӯӣ.

Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои замони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангиҳои зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад.

Ба ин манзур кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарбахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид.

Тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилҳои муҳимми татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияи миллии мо оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва нақшаи амали он бо 12 ҷанбаи мавзӯӣ дарҷ гардидаанд.

Дар ин росто, Тоҷикистон имрӯз ҳамкориҳои ҳадафмандонаро бо шарикони худ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҳандозӣ намудааст.

Мо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои ин ниҳодҳо дар ҷодаи таъмини суботу амният минбаъд низ талош хоҳем кард.

Вобаста ба ин, қобили таъкид аст, ки тайи солҳои охир муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар маҷмӯъ, хислати рушду тавсеаи навро касб кардаанд.

Ин, дар навбати худ, имкон фароҳам овард, ки кишварҳои минтақа ҳамкориву ҳамоҳангиҳои самарабахшро дар соҳаи амниятӣ дар сатҳи сифатан нав ба роҳ монанд.

Тоҷикистон аз чунин раванди рушди робитаҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол менамояд ва омодагии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳояш дар ин самт бо тамоми кишварҳои ҳамҷавор иброз медорад.

Бояд тазаккур дод, ки баргузор гардидани конфронси имрӯза дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигар худ баёнгари омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар самти мубориза ва пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар ҳама сатҳу зинаҳо ба шумор меравад.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аввали солҳои 90-уми асри XX – ҳанӯз дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифт.

Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ ва ифротгароён кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва ҳадафи ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе, ки имрӯзҳо дар Ироқу Сурия, Яману Афғонистон мушоҳида мешаванд, рӯ ба рӯ шуда буд.

Ҳадафу нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардаҳои аслии он амалҳои харобиовар ва хоҷагону сарпарастони онҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ ва қатлу куштор ба сари мардум таҳмил кардани фарҳанги бегонаву тафаккури асримиёнагӣ ва дар Тоҷикистон таъсис додани давлати исломӣ буд.

Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардиданд.

Бо вуҷуди ин, мо дар асоси имконоти тамаддун ва фарҳанги қадимаи хеш тавонистем, ки муколамаи васеъро ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин кунем.

Фидокориву мардонагии халқи тоҷик дар ҳимояи марзу бум ва арзишҳои фарҳангу тамаддуни қадимаи хеш, иродаи қавии мардуми мо ба сулҳу субот ва созандагиву бунёдкорӣ боис гардид, ки пеши роҳи амалҳои террористону ифротгароёни дохиливу хориҷӣ дар кишвари тозаистиқлоли мо гирифта шавад.

Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем.

Дӯстони гиромӣ!

Таърих ва таҷрибаи талхи бисёр кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон гувоҳ аст, ки дар мубориза бо қувваҳои бадхоҳи ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои глобалӣ танҳо бо роҳи ҳамкорӣ ва фаъолияти муштарак метавон пирӯз гардид.

Вале боиси таассуф аст, ки то ба ҳол аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеъгирии ягона нисбат ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба назар намерасад.

Ба ақидаи мо, муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад.

Баръакс, чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад.

Зеро терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои диниву мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.

Дар ин замина он ҳам боиси нигаронии амиқ аст, ки террористон ва ифротгароён бо сӯиистифода аз номи поки дини ислом ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон мусоидат менамоянд.

Ба ин тариқ бадном кардани дини мубини ислом, ки имрӯз пайравонаш зиёда аз якуним миллиард аҳолии кураи заминро ташкил медиҳанду дар рушди ҷаҳони мутамаддин саҳми арзанда доранд, метавонад оқибатҳои хатарзоро ба бор орад.

Зимнан, барои гирифтани пеши роҳи исломситезӣ моро зарур аст, ки фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин, дар навбати худ, имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.

Дар ин робита, ман борҳо таъкид намудаам ва ҳоло бори дигар иброз менамоям, ки террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад.

Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад.

Хусусияти глобалии хатари терроризм ва ифротгароӣ ҷиддан тақозо менамояд, ки нисбат ба ин ду мафҳум мавқеъ ва меъёрҳои ягонаву умумӣ таҳия ва қабул карда шаванд.

Ҳозирини муҳтарам!

Имрӯзҳо бар асари ноамниҳо дар нуқтаҳои гуногуни олам таҳдидҳои амниятӣ ба минтақаи мо низ рӯ ба афзоиш мебошанд.

Кишвари мо, бинобар мавқеи ҷуғрофии худ, дар марзи аввали муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир қарор дорад.

Ба ҳама маълум аст, ки таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи амниятӣ дар Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон сарҳади тӯлонӣ (зиёда аз 1400 километр) дорад, нисбат ба вазъияти кунунӣ дар ин кишвари дӯсту ҳамсоя, аз ҷумла дар минтақаҳои шимоли он бетафовут буда наметавонад.

Мо ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта бо истифода аз минбари созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, зарурати ҳалли бетаъхири мушкилоти кишвари ҳамсояамон — Афғонистонро батакрор таъкид мекардем.

Мутаассифона, дар суҳбатҳои хосса баъзе сиёсатмадорони сатҳи баланд мегуфтанд, ки ин мушкилоти шумо ва минтақа аст, на мушкилоти мо.

Илова бар ин, чунин мешумориданд, ки сабабҳои пайдо шудани ин мушкилот рақобатҳои носолими қавмиву этникӣ дар минтақа аст.

Лекин вақт нишон дод, ки ҳама он ҳушдорҳои мо воқеӣ будаанд ва натиҷаи беэътиноии сиёсист, ки мушкилоти онвақта имрӯз ба хатару таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтанд.

Танҳо баъди амалҳои террористии даҳшатовари 11 сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк кишварҳои олам ҷиддияти масъаларо дарк намуда, таваҷҷуҳи худро ба он равона намуданд.

Аммо ин падидаи номатлуб, аллакай, хислати ҷаҳонӣ касб намуда, пеши роҳи онро гирифтан хеле мушкил шуд.

Далели ин гуфтаҳо он аст, ки агар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар қатори ҷангҷӯёни ҳаракати “Толибон” намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар мушоҳида мешуданд, ҳоло дар сафҳои созмони ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ҷангидани шаҳрвандони зиёда аз 100 давлат таъйид шудааст.

Аз рӯи маълумоти дастрас шумораи ҷангиёни гурӯҳҳои террористие, ки дар Ироқу Сурия ҷойгир буданд, то 100 ҳазор нафар мерасид.

Дар натиҷаи амалиётҳои зиддитеррористӣ як қисми онҳо нобуд карда шуданд.

Дар ин робита, суоле ба миён меояд, ки боқимондаи онҳо ҳоло дар куҷо қарор доранд? Ва бо кадом кишвару созмонҳо робита доранд?

Боиси нигаронист, ки як қисми онҳо аллакай ба кишварҳои худ баргаштаанд ё ин ки дар роҳи бозгашт ба ватанашон қарор доранд ва метавонанд ба кишварҳои худ хатар эҷод кунанд.

Мо аллакай шоҳиди он будем, ки ҳатто гурӯҳҳои хурди террористӣ тавонистанд дар як қатор кишварҳои аврупоӣ даст ба амалҳои террористӣ зада, сабабгори ҳалокати одамон ва нооромии вазъ шаванд.

Мавриди таъкид аст, ки баъди амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Сурия ва Ироқ аъзои гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистиву террористӣ ба давлати Афғонистон омада, қаламрави онро ба майдони ҳарбу зарби терроризми байналмилалӣ табдил додаанд.

Вусъатёбии фаъолияти чунин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмони ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон” ва монанди инҳо илова ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ин кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи он боиси нигаронии амиқи мо гардидааст.

Тоҷикистон саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати ҳаллу фасли фарогири қазияи Афғонистон ҷонибдорӣ менамояд.

Мо расонидани кумакҳои саривақтиро ба мардуми Афғонистон, бахусус, дар давраи даҳсолаи гузариш дар Афғонистон (солҳои 2015-2024) дар чаҳорчӯби ҳама гуна муколамаву ҳамоишҳои мавҷуда амри муҳим меҳисобем.

Мо чунин мешуморем, ки кумак ба рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон яке аз роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу субот дар ин кишвар мебошад.

Аз ин рӯ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дастгирии Афғонистон дар ин раванд ва бо ҳамин роҳ беҳтар намудани вазъи амниятии ин кишвар кумакҳои амалии худро афзоиш диҳад.

Дар ин иртибот, бори дигар таъкид месозам, ки пирӯзӣ бар терроризму ифротгароӣ танҳо бо роҳи низомӣ ғайриимкон мебошад.

Дар ин раванд дар мадди назари доимӣ нигоҳ доштани ҷанбаҳои иҷтимоии афзоиши ин зуҳурот зарур дониста мешавад.

Фақру камбизоатӣ, бекорӣ, сатҳи пасти саводнокӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки одамонро водор менамоянд, то дар ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ ба ғояҳои зӯроварӣ рӯ оранд.

Зимнан, тақозои замон аст, ки давлатҳои пешрафта ба кишварҳои ниёзманд доир ба расонидани кумаки зарурии иқтисодиву молиявӣ ва технологӣ дар доираи барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Меҳмонони гиромӣ!

Яке аз омилҳои густариш ёфтани ифротгароӣ ва терроризм ин аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи интернет бо мақсади пешбурди ташвиқоти экстремистӣ, ба сафҳои худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ намудан ба амалҳои харобкоронаи онҳо маҳсуб меёбад.

Аз ин лиҳоз, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот дар бораи тарзу усулҳои муассири пайгирӣ намудани чунин сомонаҳо, аз шабакаи интернет хориҷ намудани онҳо ва расонидани кумаки байниҳамдигарӣ дар ин самт шарти муҳимми комёбӣ дар мубориза бо кибертерроризм мебошад.

Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризму ифротгароӣ маҳсуб меёбад, аз ҷумлаи мушкилоти умдаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.

Мубориза алайҳи он аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ андешидани чораҳои бетаъхир ва роҳандозии тадбирҳои муштаракро бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳо талаб менамояд.

Тақвияти ҳамоҳангӣ ва расонидани кумак ба кишварҳое, ки дар сари роҳи маводи мухаддир қарор доранд, амри зарурӣ ва тақозои замон аст.

Тоҷикистон бо дарки амиқи ин хатари глобалӣ тайи солҳои тӯлонӣ тамоми кӯшиши худро ба мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона мекунад.

Дар давраи пас аз соли 1994 то имрӯз аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар беш аз 120 тонна маводи нашъаовар мусодира гардидааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро таҳия ва қабул намудааст, ки хусусияти пешгирикунанда дошта, барномаи амал ва самтҳои ҳамкориро дар заминаи муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва бисёрҷониба дар бар мегирад.

Стратегияи мазкур, бо дарназардошти ҳамбастагии зичи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ, дар айни замон ба бартараф намудани омилҳои ин зуҳурот дар ҷомеа равона шудааст.

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори конфронс!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар фарҷоми андешаҳои хеш мехоҳам бори дигар ташрифи шуморо ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, идомаи бобарори барномаи кориатонро орзу намоям.

Ба ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯза дар муҳокимарониҳо ва баррасии мавзӯъҳои мавриди назар муваффақият мехоҳам.

Итминон дорам, ки натиҷаҳои конфронси имрӯзаи мо ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарноки аср мусоидат хоҳанд кард.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.