Баррасии ҳамкориҳо бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр»
4 июни соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати «Гурӯҳи Енарр», ки таҳти роҳбарии раиси Гурӯҳи мазкур Шҳям Сингҳания ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои иқтисод ва тиҷорат, энергетика, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, туризм, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.