Навиди Вазорат



Вохурии Вазир бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор

.

Рӯзи 11 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки таҳти роҳбарии хонум Падамҷӣ Ханделвал ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба вазъи иқтисодӣ дар кишвар, аз ҷумла рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, ҷалби сармоягузориҳо, ҷараёни диверсификатсияи савдои хориҷӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳотарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.