Вохурии Вазир бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (FAO) барои Осиёи Марказӣ ҷаноби Виорел Гутсу, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба Стратегияи бехатарии озуқаворӣ, занҷираи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тағирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди соҳаи кишоварзӣ, гармхонаҳо ва ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи кишоварзӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.