Навиди Вазорат



Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

.

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

 Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва кулли мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии худ Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар барои мусоидат ба пешрафти ин минтақаи мамлакат андешаронӣ карданд.

Баъди таҳлили амиқи вазъи зиндагии аҳолӣ, рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, омодагии ҳамаи бахшҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ва истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, соҳибкорон ва собиқадорон - Зевари Далерӣ, Садрия Мародмамадова ва Баҳодур Баҳриев баромад карданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз номи кулли сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳо ва бҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.