Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи кори Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ оид ба савдо
Рӯзи 19 сентябри соли 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 12-уми Гурӯҳи корӣ оид ба савдои Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо иштироки намояндагони ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ баргузор гардид.
Қайд бояд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир роҳбарии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад.
Дар доираи ҷаласа масъалаҳои Стратегияи минтақавии СПЕКА доир ба содагардонии расмиёти савдо, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи савдо барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва чораҳои ғайритарифии танзими савдо мавриди баррасии ҳаматарафа қарор дода шуданд.
Завқизода З. А. дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи савдои байналмилалӣ, аз қабили иштироки кишвар дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, содагардонии расмиёти савдо, тақвияти рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашударо муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки ҳанӯз имкониятҳои мавҷуда байни давлатҳои аъзои СПЕКА пурра истифода нашудаанд.
Инчунин дар ин чорабинӣ бо мақсади таҳким додани ҳамкориҳо вобаста ба савдо байни кишварҳои аъзои СПЕКА «Стратегияи миллии СПЕКА оид ба содагардонии савдо» таҳия гардида, барои мувофиқа ба ҳукуматҳои кишварҳои аъзо ирсол гардид.