Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ– 2018

.

 

Рӯзи 20 сентябри соли 2018 Форуми иқтисодии сатҳи баланди Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) – 2018 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иштирок намуд.

Дар форуми иқтисодӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишварҳои аъзои СПЕКА ва ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ, ҳамгироӣ дар самтҳои савдо, нақлиёт, муҳити зист, захираҳои обӣ ва барқӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд.

Дар доираи форум Завқизода З. А. ҳамчун роҳбари Гурӯҳи кори СПЕКА оид ба савдо дар бораи фаъолият, дастовардҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ байни кишварҳои аъзои СПЕКА суханронӣ намуда, бо мақсади рушди бештари муносибатҳои иқтисодӣ барои солҳои оянда як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо, принсипҳои савдои устувор ва пешгирӣ намудани монеаҳои чораҳои ғайритарифӣ дар савдоро ба кишварҳо пешниҳод намуд.