Навиди Вазорат



Ҷаласаи VII Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

21 сентябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии 7-уми Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода раисӣ намуд.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадиро дар кишварҳои узви ИДМ баррасӣ намуданд. Ичунин иҷрои татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии марҳилаи сеюми (2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар доираи ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар давраи то соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати пайгирии минбаъдаи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное