Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Пратибха Меҳта

.

24 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо миссияи машваратии Барномаи рушди СММ тахти рохбарии хонум Пратибха Меҳта баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гашт, ҷонибҳо атрофи баҳогузории коршиносон аз ҷараёни амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, аз ҷумла ҷалби маблағгузории иловагӣ, тақвият бахшидани саҳми шарикони рушд, боло бурдани саҳми бахши хусусӣ дар татбиқи амалишавии Стратегияи мазкур ва ғайраҳо суҳбат намуданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.