Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо ҷаноби Питер Фернандис Кардӣ.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сардори дафтари Вазорати рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ (DFID)- Питер Фернандис Кардӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба Барномаи нави Вазорати рушди Британияи Кабир дар Осиёи Марказӣ (DFID) оид ба ёрии техникӣ, масъалаи идоракунии молияи давлатӣ ва самтҳои вобаста ба он, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси истифодакунандаи моделҳои эконометрикӣ ҷиҳати таҳиясозии дурнамоҳои давлатӣ, ҳукумати электронӣ ва ғайраҳо мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное