Навиди Вазорат



Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян

.

27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати куҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қимматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетика, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои робитаҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.

Ҳар ду ҷониб оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули андеша карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Арманистон даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.