Навиди Вазорат



Мулоқот бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян

.

13 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсянро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ли Кетсянро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон аз рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки акнун ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баромадааст, таваҷҷуҳи хоса дорад”.

Аз иштироки фаъоли Ҳукумати Чин дар таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, имзои Барномаи ҳамкории байни Тоҷикистону Чин, ки ба татбиқи ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ” ва “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар давраи то соли 2030”  нигаронида шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот оид ба ҳаҷми гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармояи Чин дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳ, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, бо Чин дар самтҳои барои ҷонибҳо судовар, бо роҳи ҷалби сармоя, воридоти технология ва таҷҳизот, истифодаи имкониятҳои “Хазинаи Роҳи абрешим”, таъсиси “Хазинаи сармоягузории Тоҷикистон ва Чин” барои рушди бахши истеҳсолӣ, инфрасохтор, соҳибкории хурду миёна ва туризм, ҳамкориро ба роҳ монад.

Бо дарназардошти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, пешниҳод гардид, ки миёни ҷонибҳо Комиссияи муштарак оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис дода шавад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, содироти меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба бозорҳои Чин, ҷалби сармоя барои рушди зерсохтори соҳаи туризм ва густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ба иқдоми ҷониби Чин барои бунёди биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастгирии беғаразона амалӣ мегардад, баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масоили ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар самти таъмини амнияти минтақавӣ баррасӣ карданд.