Навиди Вазорат



Мулоқоти Завқизода Завқӣ Амин бо Герхард Сайллер

.

Рӯзи 25 октябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми Вазир, Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тиҷикистон, ҷаноби Герхард Сайллер бо бошишгоҳ дар шаҳри Остона баргузор гардид.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла натиҷагирӣ аз кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Австрия оид ба ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба, ҷалби сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт ва воридсозии технологияҳои муосир, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.