Навиди Вазорат



Ҷамъомад ба муносибати Рӯзи Конститутсия.

.

1 ноябри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди қабули Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади идонаро бо сухани муқаддимавӣ Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Камолиддинзода Илёсиддин ифтитоҳ карда, ҳозиринро бо фарорасии ҷашни фархунда - 24-умин солгарди қабули Рӯзи Конститутсия самимона табрику таҳният намуданд.

Инчунин зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули Конститутсияро арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ва натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён ҳисобидаанд.

Сипас, аз ҷониби кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ рӯнамо дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Торжественная встреча, посвященная 24-летию Конституции Республики Таджикистан.