Навиди Вазорат



Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»

.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шумо ва сокинони сарбаланду заҳматпешаи ноҳияи Данғараро ба муносибати оғози фаъолияти марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара»-корхонаи муосири ресандагӣ ва оғози сохтмони корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, шумо ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик менамоям.

Ҳукумати кишвар дар ҳуҷҷатҳои стратегии солҳои охир қабулкардаи худ ба бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ афзалият дода, ба ин мақсад тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Мо тасмим гирифтаем, ки бо ҳамин роҳ Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба масири рушди саноативу аграрӣ барорем.

Бо истифода аз ашёи хоми фаровони маҳаллӣ ва мавҷуд будани дигар бартариҳо тараққӣ додани соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, яъне аз нахи пахта васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли ришта, матоъҳои гуногун, либоси тайёр ва навъҳои гуногуни маҳсулоти дӯзандагӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани ин ҳадаф ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон бо ин, соҳаҳои зикршуда дар самти зиёд кардани молҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда аҳаммияти хосса доранд ва бинобар ин, бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим ниҳоят муҳим мебошад.

Дар мамлакати мо тайи солҳои тӯлонӣ пахта ҳамчун маҳсулоти кишоварзии анъанавӣ дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот карда мешуд ва бо ҳамин сабаб мо доим таъкид мекардем, ки пахтаи истеҳсолшаванда бо мақсади ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ дар дохили кишвар то ҳадди ниҳоӣ коркард карда шавад.

Бо вуҷуди ин, то солҳои охир ҳамагӣ 10 -12 фоизи нахи пахта дар дохили мамлакат коркард мешуд, ки ин нишондиҳанда тамоман ночиз буд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Ҳукумати мамлакат тасмим гирифт, ки барои коркарди пурраи нахи пахта марҳала ба марҳала кластерҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ташкил карда шаванд.

Ҷамъияти «Ҷунтай Данғара” дар ноҳияи Данғара ба сифати яке аз корхонаҳои калонтарин дар Осиёи Марказӣ маҳз бо ҳамин мақсад ва ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсол ва содироти маҳсулоти нассоҷӣ бунёд шуда истодааст.

Соли 2014 ҳангоми гузоштани санги асоси бунёди он ва ифтитоҳи навбати аввали корхона дар моҳи августи соли 2016 аҳаммияти ин маҷмааи истеҳсолиро барои иқтисодиёти кишвар таъкид карда, ба роҳбарон ва шахсони мутасаддӣ дар бобати сари вақт ба кор андохтани дигар коргоҳҳои маҷмаа ва ташкил намудани инфрасохтори зарурии онҳо супоришҳои мушаххас дода будам.

Бояд гуфт, ки ҷадвали бакорандозии маҷмаа 28 ноябри соли 2015 бо қарори Ҳукумати кишвар тасдиқ гардида, дар асоси он навбати аввали корхона, яъне бахши ресандагӣ дар ду марҳала - моҳи июни соли 2017, навбати дуюм – бахши бофандагиву рангуборкунӣ моҳи сентябри соли   2018 ва навбати  сеюм – бахши дӯзандагӣ моҳи январи соли 2020 бояд ба истифода дода мешуд.

Тибқи ҷадвали тасдиқшуда сохтмони навбати якуми истеҳсолоти ресандагии корхона моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, тавре ки гуфта шуд, марҳалаи аввали он моҳи августи соли 2016 бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли ришта сохта шуд ва ба фаъолият оғоз кард.

Аммо сохтмони марҳалаи дуюми истеҳсолоти ресандагӣ бо қафомонии зиёд - моҳи июли соли 2017 оғоз гардид ва имрӯз ба истифода супорида шуд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки қафомонӣ дар корҳои сохтмону васлкунӣ дар бунёди ин маҷмааи бузург ба масъалаи ташвишовар табдил ёфтааст.

Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара вазифадоранд, ки ҳамкориро бо сармоягузорон вусъат бахшида, тибқи ҷадвали тасдиқгардида ба истифода супоридани силсилаҳои навбатии маҷмааро таъмин намоянд. 

Сармоягузорон низ бояд дарк намоянд, ки ҳар як рӯзи қафомонӣ аз ҷадвали тасдиқу мувофиқашуда боиси нигаронии Ҳукумати Тоҷикистон мегардад.

Таъкид менамоям, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон бо ин, барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Аммо аз ҷониби сармоягузорон ҳамаги сеяки замин аз худ гардида, дар он пахта кишт карда мешавад.

Яъне талаботи созишнома иҷро нашуда истодааст, ки чунин ҳолат андешидани тадбирҳои ҷиддиро талаб менамояд.

Бо мақсади сари вақт ҳал намудани масъалаҳои андозбандии таҷҳизоти зарурии воридшаванда барои обёрӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудан ва азхудкунии заминҳои нав, муҳлати истифодаи замин ва дигар масъалаҳои ҳалталаби марбут ба фаъолияти маҷмааи истеҳсолии нассоҷии “Ҷунтай Данғара” ба вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, кумитаи андоз, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара зарур аст, ки чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳоло фаъолияти муназзами коргоҳи ресандагии маҷмаа бо ашёи хом, яъне нахи пахта аз корхонаҳои пахтатозакунии ноҳияи Данғара ва дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа таъмин карда мешавад.

Бо ин мақсад, ҳамчунин, дар кишвар бунёди боз якчанд корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори 80 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.

Ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба пурра бо ашёи хом таъмин намудани корхона, азхудкунии заминҳои нав, зиёд кардани майдони кишти пахта ва  ба кор андохтани корхонаҳои нави пахтатозакунӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Корхонаи имрӯза дар як сол қариб 15 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард карда, 12 ҳазор тонна ришта истеҳсол мекунад.

Истеҳсолоти ресандагии корхона, дар маҷмӯъ, иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дошта, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.

Дар Тоҷикистон якчанд корхонаҳои нассоҷӣ фаъолият доранд, ки қисми зиёди маҳсулоти худро содирот мекунанд ва маҳсулоти онҳо аз ҷиҳати сифат ва нарх дар бозорҳои ҷаҳон ба рақобат тобовар мебошанд.

Мақсади мо аз таъсиси чунин маҷмааҳои нассоҷӣ, дар баробари таъмин намудани сокинон бо ҷойи кор ва афзоиш додани содироти маҳсулоти қобили рақобат, инчунин, ҳарчи камтар кардани молҳои ҳаммонанди воридотӣ мебошад.

Зеро танҳо соли 2017 ба кишвар дар ҳаҷми қариб 700 миллион сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ворид карда шудааст, ҳол он ки мо ҳар сол ашёи хоми онро дар намуди нахи пахта дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ содирот мекунем.

Тибқи таҳлилҳо бо вуҷуди захираҳои зиёди ашёи хом фаъолияти корхонаҳои саноати сабук дар вилояти Хатлон қаноатбахш нест.

Ҳафт корхонаи саноатии вилоят, ки иқтидори лоиҳавии коркарди зиёда аз 26 000 тонна нахи пахтаро доранд, соли 2017 ҳамагӣ 6500 тонна ва соли ҷорӣ 10 400 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардаанд.

Чунин вазъ талаб мекунад, ки роҳбарону масъулони соҳа дар ин самт чораҳои ҷиддӣ ва мушаххас андешанд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи “Обёрии заминҳои водии Данғара” 109 километр наҳри асосии обтаъминкунӣ, 87 километр шабакаи обрасонии зеризаминӣ, 38 километр  шабакаи обҷамъкунӣ ва обпартоҳо сохта, ба истифода дода мешавад.

Баъди пурра татбиқ гардидани лоиҳа, дар маҷмӯъ, 6000 гектар замин обёрӣ карда мешавад, ки албатта, ба афзоиш ёфтани  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта мусоидат мекунад.

Аз ин рӯ, ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо роҳбарону мутахассисони ноҳияи Данғара доир ба татбиқи самараноки лоиҳаи зикршуда ва ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Ба фаъолият оғоз кардани маҷмааи нассоҷӣ боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дар заминаи он фаъолияти чандин коргоҳу корхонаҳои дигари соҳа вусъат гирифта, парвариши пахта тараққӣ меёбад ва аз ин ҳисоб низ ҳазорҳо нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Умуман, рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ, яъне коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллии мо ба шумор рафта, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо боиси бо молҳои саноатӣ таъмин шудани талаботи аҳолӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи кор ва афзоиши буҷети давлат мегардад. 

Бинобар ин, Ҳукумати кишвар барои рушди ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро андешида, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ, алалхусус, соҳаи нассоҷиро минбаъд низ дастгирӣ менамояд.

Итминон дорам, ки сохтмони пурраи маҷмааи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара” сари вақт, яъне  дар муҳлати муқарраршуда ва бо сифати баланд ба анҷом расида, ҳамаи иқтидорҳои истеҳсолии он дастоварди арзанда ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки таъмин намудани иҷрои ҷадвали бакорандозии марҳалаҳои навбатии маҷмаа масъулияти баланд ва қобилияти ташкилотчигии роҳбарону мутасаддиён ва мутахассисони сохторҳои дахлдор, инчунин, муносибати ҷиддии сармоягузоронро тақозо мекунад.

Дар ҷодаи амалӣ намудани нақшаҳои тасдиқшуда ва пурра ба фаъолият омода кардани ин маҷмааи бузурги истеҳсолӣ ба ҳамаи шумо – роҳбарону масъулон ва муҳандисону кормандони маҷмаа барори кор орзу  менамоям.

Доим саломату сарбаланд бошед!