Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Ҳафтаи Авруосиё» -и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд

.

Рӯзҳои 19-21 ноябри соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ҷиҳати иштирок дар «Ҳафтаи Авруосиё»-и Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса сафар намуданд.

Дар чорабинии қайд гардида Роҳбари ҳайати кишвар комёби ҳовадастовардҳоро дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат муаррифӣ намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди босуботи соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар як қатор ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз қабили Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабулшуда, дар заминаи ин ҳуҷҷатҳо ҳукумати ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Аз ҷумла, суръати рушди солонаи иқтисодӣ дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Тоҷикистон тавонист дар даҳсолаи охир сатҳи камбизоатиро аз 53 фоиз то ба 30 фоиз расонад.

Илова бар ин, дар ин давра зиёда аз 2000 км роҳҳои автомобилгард, 190 км роҳи оҳан, 30 км нақбҳо ва 93 пул сохта ва ба истифода додашуд. Бо кушишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати якуми ин шооти бузурги аср – НБО «Роғун» 16 ноябри соли 2018 бакор шурӯъ намуд.

Инчунин дар доираи сафари мазкур мулоқоти дуҷонибаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим бо Директори муносибатҳои байналмилалии СҲИР Андреас Шаалбар гузоргардида, зимни он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус роҳҳои баланд гардонидани рақобатпазирии иқтисодиёт ва ҷалби сармояи хориҷӣ баррасӣ шуданд.