Ба имзорасии созишнома бо Бонки Осиёии Рушд
23 ноябри соли 2018 созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 35 млн. доллари ИМА байни Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба азнавҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба системаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба имзо расонида шуд.
Созишномаи грантиро аз номи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Вазири рушди иқтисод ва савдо ва аз номи Бонки Осиёии Рушд Прадип Сривастава намояндаи доимии бонки мазкур дар Тоҷикистон имзо намуданд.