Навиди Вазорат



Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Чезар Армеану

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар ш. Остона ҷаноби Чезар Армеану баргузор гардид.

 

Сараввал Вазири рушди иқтисод ва савдо Сафир ва дар симои ӯ тамоми мардуми Руминияро ба муносибати 100-солагии Рӯзи миллии кишвари Руминия табрику муборакбод намуданд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ, аз ҷумла фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ бо баимзорасонии Созишномаи ҳамкорӣ ва дар асоси он тасис додани Комиссияи байниҳукуматӣ, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои муосир, таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти онҳо ба кишварҳои ҳамсоя, ҳамкорӣ дар самти кишоварзӣ ва бехатарии озукаворӣ ва рушди сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное