Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдулло
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Хикматуллозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори давлати Қатар ҷаноби Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал-Абдулло баргузор гардид.
Ҳангоми мулоқот, ҷонибҳо доир ба иҷроиши бандҳои протоколи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ, рушди гардиши савдои хориҷӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.