Навиди Вазорат



Мулоқоти Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой

.

Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода, Сафири навтаъйини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳалқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Лю Бинро ба ҳузур пазируфта, бо таъйин шуданаш ба ин мансаб табрику муборакбод намуд. Ҳамзамон изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар бозҳам густариш меёбад.

Инчунин, дар вақти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи ҳамкориҳои иқтисодӣ, рушди соҳаҳои саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.