Навиди Вазорат



Нишасти матбуотӣ дар Вазорат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

15 феврали соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2018, нишасти матбуотӣ доир ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор гардид.

 Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки теъдоди зиёди намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Вазири рушди иқтисод ва савдо-Неъматулло Ҳикматуллозода, Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ва муовинони дигар, роҳбарони воҳидҳои сохтории вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.

Дар оғози нишасти матбуотӣ аз ҷониби Неъматулло Ҳикматуллозода роҷеъ ба фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар соли 2018 гузориши мухтасар пешниҳод гардид.

Сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ аз ҷониби роҳбарият ва сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардонида шуд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное