Ҷаласаи якҷояи Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ оид ба таҳияи лоиҳаи "Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

21 феврали соли 2019 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019, №39 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019» вобаста ба вусъат бахшидани корҳо барои татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Гурӯҳҳои кории идоракунанда ва техникӣ (корӣ) бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.

 

Зимни баргузории ҷаласа Вазири рушди иқтисод ва савдо доир ба иқтисодиёти рақамӣ ва фоидаву афзалиятҳои ҷорӣ намудани он дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар зикр намуда, нигоҳи худро ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карданд.

Инчунин, аз ҷониби кормандони вазорат ва Раиси Фонди ҷамъияти Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет дар ин самт ба ҳозирин рӯнамоҳо манзур карда шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное