Вохурии Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Дафтари Барномаи Рушди СММ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохурии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндагони Дафтари Барномаи Рушди СММ тахти рохбарии хонум Пратибха Меҳта баргузор гардид.
Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гашт, ҷонибҳо вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ барои соли ҷорӣ ва соли минбаъда, аз ҷумла доир ба амалишавии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи навбатии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, мусоидат оид ба таҳияи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ, инчунин ба роҳ мондани истеҳсолот дар минтақаҳои осебпазир ва минтақаҳои байнисарҳадӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи Барномаи рушди СММ сӯҳбат намуданд.
Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.