Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 42


Ҷашни Сарқонун дар Вазорат

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарияти Вазорат, сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ бахшида ба 19-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода оид ба нақш ва мақоми Сарқонун дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ ва озодиҳое, ки тибқи Конститутсия ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ кафолат дода шудааст, сухан ронда, кормандонро ба ин санаи фархунда табрик намуданд.

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқӣ Т.Маҳкамбоева, А.Комилов, Д.Чалая ва дигарон вобаста ба моҳият ва аҳамияти Сарқонуни ҷумҳурӣ дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ибрози назар намуданд.