Навиди Вазорат



Мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Н.Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

13 ва 14 марти соли 2019 дар ҳошияи VII Форуми байналмилалии Боку, ки ҳарсола бо ташаббуси Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ баргузор мегардад, мулоқотҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ Шоҳин Мустафоев сурат гирифт.

 

Дар рафти мулоқотҳо, ки бо ҷалби коршиносони соҳавии ҷониби Озарбойҷон баргузор гаштанд, маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи афзоиш додани ҳамлу нақли транзитии борҳои Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон равона гардид.

Ҷониби Озарбойҷон омодагии худро ҷиҳати баррасии масъалаи фароҳам овардани шароитҳои беҳтар барои интиқолгарони Тоҷикистон, хусусан бо пешниҳоди тарофаҳои муносиби нақлиётиву транзитӣ барои интиқоли борҳо бо роҳҳои заминӣ, оҳан ва баҳрии он кишвар изҳор намуд.