Навиди Вазорат



Қабули эътимодномаҳо аз 9 сафири нав

.

15 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 сафири нави фавқулодда ва мухтори кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Марк Поммершайм, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ, Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Рустенбеков, Шоҳигарии Дания Карстен Сендергорд, Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Нурдин Муҳаммад Шаҳид, Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Алкала Кордонес, Ҷумҳурии Конго Давид Мадука ва Ҷумҳурии Гана Муҳаммед Саюти Яҳая, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо такя ба Консепсияи сиёсати хориҷии худ, ҷиҳати пешбурди ҳамкориҳои фарогир бо ҳамаи кишварҳои хориҷаи дуру наздик кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад”.

Президенти мамлакат оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа, минтақаи Осиё ва Осиёи Марказӣ, давлатҳои ҳавзаи Иттиҳоди Аврупо, қитъаҳои Америкаи Ҷанубӣ ва Африка, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти умумибашарии марбут ба об, масъалаҳои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамкории байналмилалию минтақавӣ ва муборизаи муштараку самарабахш бо кишварҳои олам дар мубориза бо терроризм, ёдовар шуданд.

Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.