Оғози сохтмони варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе
15 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмонӣ варзишгоҳ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуданд.
Ин иншооти калон дар масоҳати беш аз 9 гектар сохта мешавад ва дар он барои баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда хоҳад шуд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳаи иншооти варзишӣ иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди он бунёди биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ барои мошинҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Варзишгоҳ аз чор минбар, ки дар ду сатҳ ҷойгир шудаанд, иборат мебошад.
Иншооти муосир дар доираи таваҷҷӯҳ ва дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта мешавад. Масоҳати майдони футбол дар ин варзишгоҳи замонавӣ 105 ба 68 метрро ташкил медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи варзишгоҳ, ба сохтмончиён барои анҷоми босифати корҳои бунёдӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми фазоӣ, зерминбарҳои шарқӣ ва ғарбии варзишгоҳ бунёди хонаҳои либосивазкунии варзишгарон ва ҳакамон, ҳаммом ва нуқтаи тиббӣ ба назар гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ин ҷо толорҳои машқу тамрин ва каҳвахонаҳо сохта мешавад.
Барои меҳмонон бунёди ҳуҷраҳои алоҳида бо шумораи умумии 448 ҷой, майдончаҳои сайругашт дар баландии беш аз 9 метр ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.
Дар минбари ғарбии варзишгоҳ дар баландии бештар аз 18 метр ҷойҳои нишасту тамошо барои меҳмонони воломақом бунёд мегардад. Ҳар як минбар ё қисмати Варзишгоҳ дорои баромадгоҳи алоҳида хоҳад буд.
Бояд таъкид дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, махсусан футбол дар мамлакат рушд намуда, барои варзишгарони ҷавону умедбахши Ватан муосиртарин шароити машқу тамрин фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе танҳо дар давоми ду соли охир дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, беш аз 170 майдончаи варзишӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Варзишгоҳи замонавӣ барои 30 ҳазор ҷойи нишаст, ки сохтмонаш оғоз гардид, туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дӯстдорони соҳаи варзиш, аз ҷумла мухлисони футбол хоҳад буд.