Навиди Вазорат



Иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе

.

Нимаи дуюми рӯзи 22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукӯҳи идонаи наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар “Наврӯзгоҳ” - и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронии табрикотии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон, сокинони пойтахт ва меҳмононро бо иди бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони пойтахти кишвари азизамон - шаҳри Душанбе бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ойини бостонии милливу мардумӣ ва соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи оламафрӯзро бо хурсандиву хушҳолии зиёд таҷлил менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд.

Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла пойтахти он мебошад.   

Бинобар ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки амалҳои созанда вусъати бештар касб мекунанд ва то 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаҳри Душанбе тавассути бунёди садҳо иншооти нав боз ҳам обод гардида, дар он барои сокинон ва сайёҳону меҳмонони пойтахт шароити муосири зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам оварда мешавад.

Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик карда, ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу барор орзу намуданд.

Тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи рангину пурмӯҳтавои театрикунонидашудаи устодони санъат ва ҳаваскорон, ки таҷассумгари оинҳои хоси Наврӯзи байналмилалӣ буд, идома ёфт.