Тақдими туҳфаҳо ба 100 нафар ятими кулл ва супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба 10 нафар эҳтиёҷмандону камбизоатон дар шаҳри Хуҷанд
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл, ки таълимгирандагону донишҷӯёни муассисаҳои миёнаву олии шаҳри Хуҷанд мебошанд, туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеаро, ки бо амри тақдир аз меҳру муҳаббати оила маҳруманд, бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши хубу аъло, ахлоқи ҳамида ва рафтори намунавӣ ҳидоят намуданд.
Қобили зикр аст, ки туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат аз сару либоси мавсимӣ, аз ҷумла шиму кастюм, ҷӯробу пойафзол, курта ва шириниҳои гуногуни наврӯзӣ иборат буданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимон дастурхони идона ороста шуда, ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Пешвои миллат маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд. Бино ба иттилои оморӣ, то имрӯз дар вилояти Суғд 467 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор доранд ва барои онҳо шароити муосири таълимиву илмомӯзӣ муҳайё гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандону оилаҳои камбизоат аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба ҳисоб меравад ва хушбахтона, ин амали хайру савоб дар Тоҷикистон, махсусан ҳангоми ҷашну маросимҳои миллию давлатӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Пайравии амиқи доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва шахсони саховатманд аз сиёсати башардӯстонаи Роҳбари давлат тавонистааст, ки сатҳу сифати зиндагии қишрҳои эҳтиёҷманди мамлакатро хеле беҳтар намояд.
Дар ҳамин росто ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 10 оилаи камбизоати шаҳри Хуҷанд хонаҳои истиқоматӣ туҳфа карда шуд. Хонаҳои истиқоматӣ аз 2 ва 3 ҳуҷра иборат буда, дар онҳо тамоми шароити зисту зиндагонӣ фароҳам гардидааст.
Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат барои аксари ин оилаҳо ғайриинтизор буд ва онҳо ин иқдоми Роҳбари давлатро амали ҷавонмардона ва башардӯстона арзёбӣ карданд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ин табақаи ҷомеа ҳамеша ғамхорӣ зоҳир мекунад. Аз ҷумла, дар баробари бартараф кардани мушкилоти иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа, сол то сол сатҳу сифати ҷалби фарзандони чунин оилаҳо ба омӯзиши илм ва касбу ҳунар беҳтар мешавад. Ятимону бепарасторони шаҳри Хуҷанд барои дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд ва дар пешрафти ҷомеа саҳми худро мегузоранд.