Оғози кишти пахта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд
Дар идомаи боздиди кориашон аз ноҳияи Спитамен, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои кишоварзии ҶДММ "Спитамен-текстайл"-и Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен ба кишти чигит оғоз бахшиданд.
Хоҷагидорӣ қисми муҳими Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” ба ҳисоб меравад, ки ба коркарди ниҳоии пахта машғул аст. “Спитамен-текстайл” низ соли 2009 бо иштироки Пешвои миллат ифтитоҳ гардида, то имрӯз фаъолияти босамар дорад. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъият фаъолияти худро ба таври комплексӣ ба роҳ мондаанд, яъне қисми бештари пахтаи дар хоҷагиашон истеҳсолшударо худашон коркард мекунанд ва ба бозорҳои хориҷи мамлакат мебароранд.
Дар маҳалли оғози кишти пахта аҳли заҳмати хоҷагӣ ба истиқболи Пешвои миллат дасторхони идонаи наврӯзӣ оростанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ ва оғози корҳои саҳроӣ таҳният гуфта, бо дуои неки пирон ба кишти чигит оғоз бахшиданд.
Бояд зикр намуд, ки хоҷагидорӣ дар ин Ҷамъият асосан ба тухмипарварӣ нигаронида шудааст. Ҳамин тариқ, аз 3 ҳазору 140 гектар замини обии дар ихтиёрдоштаашон ҳар сол бо маслиҳат ва машварати олимон дар майдони бештар аз 2100 гектар чигити тухмӣ кишт мекунанд ва ҳамасола онҳо аз ҳар як гектар аз 25 то 45 сентнер ҳосил ба даст меоранд.
Корхонаҳои коркарди пахта ва истеҳсоли ришта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Спитамен-текстайл” имкон доранд, ки дар як сол то 4 ҳазор тонна пахтаро коркарди саноатӣ намоянд. Маҳсулоти тайёр тибқи шартномаи дуҷониба асосан ба Туркия фиристода мешавад. Вобаста ба дастур ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда истеҳсоли маҳсулоти тайёри пахтагиро дар ҳамин ҷо ба роҳ монанд, зеро барои анҷом додани ин амал онҳо ҳамаи шароиту имконоти молию техникӣ ва табииро доранд.
Бахши хоҷагидорӣ дар ҶДММ "Спитамен-текстайл" дар ноҳияи Спитамен яке аз калонтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба шумор меравад ва тақрибан 2500 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кору маош таъмин мекунад. Ин шумора метавонад дар мавсими кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил боз то 600 нафар афзояд. Кор дар бахшҳои ин хоҷагӣ тавре тақсимбандӣ шудааст, ки ин коллективи қариб сеҳазорнафара тақрибан дар 12 моҳи сол ба фаъолияти меҳнатӣ машғуланд. Масъулони бахши кишоварзии ноҳия ҳам мегӯянд, ки ин Ҷамъият дар низоми иқтисодии ноҳия ҷойгоҳи махсус дорад ва манбаи муҳими таъмини мардум бо ҷойи кор ва маош мебошад.
Тибқи дастур ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъулони Ҷамъияти мазкур корҳои ободониву созандагиро низ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Куруш дуруст ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби даромадҳои худ дар маркази ҷамоат як майдони болопӯшидаи футболи хурд, майдончаи муосири бозии кӯдакон ва чанд иншооти дигари фарҳангию фароғатӣ бунёд кардаанд. Аз он ки сесолаи оянда дар Тоҷикистон "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон шудааст, масъулони Ҷамъият тасмим доранд, ки дар оянда низ корҳои ободонию созандагиро дар ҳудуди ҷамоати деҳот вусъат диҳанд.
http://president.tj/node/19773