Оғози корҳои навсозии “Комбинати орди Душанбе”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.
Инак бо тақозои замон ва дар доираи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ иқдоми таҷдиду муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд.
Таҷдид ва азнавсозии биноҳои мавҷудаи “Комбинати орди Душанбе” имкон фароҳам меорад, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва сарфаи вақт хатҳои истеҳсолӣ дар кутоҳтарин муҳлат ба кор андохта шаванд ва барои оғози фаъолияти истеҳсолию таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки инфрасохтори мавҷуда ва ҷойгиршавии бинои “Комбинати орди Душанбе” бо назардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор бо масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабусу гандуми реза мебошад.
Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар “Комбинати орди Душанбе” дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комбинати орди Душанбе” иттилоъ дода шуд, баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Тибқи таҳлилҳо талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе зиёда аз 400 тонна ордро ташкил медиҳад ва тадбирҳои роҳандозишаванда дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва ҷиҳати захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал мусоидати фаъол хоҳад кард.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи азнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Азнавсозӣ ва таҷдиди корхона барои таъминоти бозори дохилӣ бо орд, инчунин заминагузорӣ ба содироти минбаъдаи он ба кишварҳои ҳамсоя ва бад-ин васила ҷиҳати таҳкими диверсификатсияи маҳсулоти содиршавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.
http://www.president.tj/node/19909