ДУЗАНДАГӢ

 

ДӮЗАНДАГӢ– хунарест, ки аз матоъ либос, чизхои рузгорро ва дигар маснуоти заруриро вобаста ба таъиноти он дар шаклаш барои истифода медӯзанд. Аввал ин хунар танхо бо даст ичро мешуд. Дар садсолахои охир инчунин бо мошини дарддузӣ ин хунарро ичро мекунанд.

 

Асоси дӯзандагиро дарз ва кӯк ташкил медиханд. Намудҳои асосии кӯки дастӣ инхоянд: кӯки калон, кӯки нусхагирӣ, дарзи печон, дарзи қаткунӣ, ҳалқагӣ, лагандагии уреб, дарзи лаб-лаби канор, дарзи мошинӣ, дарзи паси сӯзан, яккакӯк, дарзи харак, дарзи арча”, дарзи секунҷа ва ғайра.

Дар ҳунари дӯзандагӣ аз мошин хеле васеъ истифода мебаранд. Намудҳои асосии дарзҳои мошинӣ: оддӣ, дукарата, изофадӯхт, домандӯхт, дарзи ҷудо-ҷудо, дарзи болоиҳам, дарзи бахиядӯзӣ, канорӣ, барҷаста, борик, инчунин ангула (ангулаи бахияшуда, ангулаи дарзӣ (кӯкзада), аз таноби дӯхта).