ҚОЛИНБОФӢ

ҚОЛИНБОФӢ. Қолин, маснуоти бофандагии бадеист, ки одатан нақшу нигори гуногунранг дорад. Онро бештар барои гарм кардан, оро додан ва фурӯ нишондани садо ба фарши хона меандозанд ё ба девор меовезанд. Қолинро якқабата ва бисёрқабата, патдор ва бепат мебофанд. Қолин аслан патдор мешавад. Аз сабаби он ки баъзе гилемҳо патдор мешаванд, онҳоро ҳам қолин мегӯянд.

Қолин матои бисёрқабатаест, ки ба торҳои асос дастаҳои алоҳидаи ришта ба якдигар зич (гиреҳҳои патдор) баста шудаанд; нӯги ришта (дастаҳо)-ро аз тарафи рости қолин як хел карда мебуранд, ки дар натиҷа пати зичи махмалин ҳосил мешавад ва асосу пудро мепӯшонад. Баландии пут аз 3 мм то 18 мм мешавад. Пат қолинро ғафс намуда, онро бадошт ва мулоим мекунад. Қолин вобаста ба сифат (тарзи бофтан, дӯхтан, гулдорӣ), масолеҳ (пашмӣ, патдор, патагин), рангу бор, андоза ва нақшу нигори он ба хелҳои гуногун ҷудо шуда, қимати он ҳам аз рӯйи ҳамин хусусиятҳо муайян карда мешавад.

Колинҳоро, инчунин, бо назардошти паташон мебофанд, ки онҳо қолинҳои паташон нобурида (ҳалқагӣ)-и муштарак, паташон бурида ва нобурида мешаванд.